ЭЪЛОН Ба таваҷҷӯҳи ҳамаи - TopicsExpress



          

ЭЪЛОН Ба таваҷҷӯҳи ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Ню-Йорк иқомат доранд, эҳтиромона мерасонем, ки дар асоси Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили участкаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ» №18 аз 19 сентябри соли 2013, бо мақсади фароҳам овардани имконияти иштироки шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар кишварҳои хориҷӣ истиқомат доранд, дар назди Намояндагии доимии Ҷумурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид участкаи интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Участкаи интихоботии мазкур аз 4 то 6 ноябри соли 2013 аз соати 09:00 то 18:00 дар дафтари Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ кушода хоҳад буд. Нишонии Намояндагии доимӣ: 216 East 49th Street, New York, NY, 10017, телефон: (212) 207-3315; факс: (212) 207-3855; E-mail: [email protected] Ба ин муносибат, аз тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Ню-Йорк иқомат доранд, эҳтиромона хоҳиш мешавад, то аз 4 то 6 ноябри соли 2013 дар овоздиҳӣ дар участкаи интихоботии мазкур иштирок намоянд.
Posted on: Fri, 01 Nov 2013 21:21:21 +0000

Trending Topics



Recently Viewed Topics




© 2015