Бало бол надорад, ки аз осмон ояд; - TopicsExpress



          

Бало бол надорад, ки аз осмон ояд; пой надорад, ки аз дар дарояд. Вайро худамон мехонем, даъват мекунем. Меорем. Вақте хушомадгӯ, ба хотири манфиати шахсии худ, аз доду ростӣ чашм мепӯшад, балоро мехонад. Вақте нафаре ба посухи ҳақ ба ҷои "бале" "бало" мегӯяд, балоро мехонад. Вақте сари маърака сӯи омӯзгор хитоб мекунад: "бихез, муаллим, ба дасти меҳмон об рез!" - балоро мехонад. Вақте аҳли маҳалла дар ғами омӯзгори фарзандони худ нестанд ва омӯзгор ночор ба мардикорӣ меравад, балоро мехонад. Вақте кӯдак ба ҷои дарс бо чизе дигар машғул мешавад, балоро мехонад. Вақте одамон ба ҷои омӯзгору таҷрибадор пулдору соҳибмансабро болонишин мекунанд, балоро мехонанд. Вақте мардум ба ҷои фарзона ба сарватманду соҳибҷоҳ раъй медиҳад, балоро мехонанд... Бало бол надорад, пой надорад; вайро худамон меорем, худамон мепарварем ва бо ду дасти адаб дар хидматаш мешавем ...
Posted on: Mon, 12 Aug 2013 02:51:11 +0000

Trending Topics



Recently Viewed Topics




© 2015