Дар суди нохияи Чомии вилояти - TopicsExpress



          

Дар суди нохияи Чомии вилояти Хатлон раиси суди нохияи Сарбанд Тагоев А. парвандаи чиноятии Билолов Насридинро бо моддаи 189 к.1 КЧ ЧТ барангехтани низоъи дини мавриди тафтиши суди карор дорад. Дар рафти мурофиаи суди бори дигар маълум шуда истодааст, ки гуфтахои Билолов Насридин пурра ба талаботи дини Ислом чавобгу хаст ва хилофи мазхаби Ханафи нест. Судшаванда Билолов Н. нишондод дода истодааст, ки:10.06.2013 сол тахти №66 Раёсати Фатвои Маркази Исломии Чумхурии Точикистон ба Кумита оид ба корхои дини назди Хукумати ЧТ чавобан ба мактуби онхо тахти №702/2-01 аз 04.06.2013 сол ба як катор саволхо чавоб медиханд. Мактуби №702/2-01 чи гуна мактуб аст, на ба мо ва на ба тафтишоти пешаки маълум нест. Дар ин чавоби мактуб як катор чавобхое дода шудаанд, ки онхо нопурра мебошанд. Чунончи: Ба саволи якум бояд оиди он чавоб дода мешуд, ки «Тиловати Куръон ба ивази пул, таом чи хукм, дар мазхаби Имоми Аъзам дорад?», аммо намояндахои раёсати фатво аз ин савол гурехтаанд. Дар саволи дуюм оиди он нишон дода мешавад, ки «маросими Мавлуд иборат аз ёдовари хаёти Пайгамбар ва авсофи гисолу поки у мебошад. Мавлоно Абдулхайи Лакнави мегуяд, «Зикри Мавлуди Шариф яъне вокеъахо, вилодат ва муъчизоти уро баён кардан чоиз аст». Раёсати Фатво бояд ки зикрро аз чашн фарк мекард. Зикр ин чашн нест. Байни зикр ва чашн фарк аз замин то осмон аст. Зикр ёд кардан аст, шахс хар лахза метавонад, ки ёд – зикр намояд. Ба хамин хотир дар конуни ЧТ « дар бораи танзими анъана ва чашну маросимхо дар Чумхурии Точикистон» оиди маросими Мавлудхони гуфта мешавад, на чашни Мавлуд. Кайд кардан лозим аст, ки чашни Мавлуде ки зикр карда мешавад, хилофи Конуни ЧТ «дар бораи танзими анъана ва чашну маросимхо дар Чумхурии Точикистон» мебошад. Конун онро хамчун маросими Мавлудхони мисли маросими Хач пешбини менамояд. Инчунин дар ин чавоби саволи 2 кайд шудааст, ки «Дар бораи чашн гирифтани Мавлуди Пайгамбар дар китоби «Фатовои комилия» омадааст «Хукми чашни Мавлуди Пайгамбар дар Ислом мустахаб аст». Ба ин акида ризо шудан мумкин нест, зеро ки он хилофи усули ахли Суннат ва Чамоат, хусусан мазхаби Хазрати Имоми Аъзам мебошад. Барои он ки он мустахоб бошад, будани далели шаръи лозим аст. Дар кадом асоси шаръи Чашни Мавлудро мустахаб гуфтаанд ва ба кадом ахкоми Фикх онро собит кардаанд, бо далоил ва барохин собит намоед. Китобхо бисёранд дар ин хусус ва онхо бисёр чиз мегуянд. Мутахасисон бояд ки аз китоб ва Суннат, аз киёс ва ичмоъ бояд, ки хуччати дахлдор ёбанд, ки он хилофи усул набошад. Баъдан дар хусуси таъзия навишта мешавад, ки он то 3 руз мустахаб мебошад. Аммо мутахасисон ба саволи он чавоб намедиханд, ки «чаро хамчунин дар назди дарвозаи хона нишастан барои таъзия макрух аст. Бори дуюм таъзия баён намудан низ макрух аст….» Дар айбнома бе ягон далел оиди он зикр карда мешавад, ки гуё «… бо маќсади тасдиќ намудани худ ба сифати пешвои дини ва тахти назорати худ ќарор додани истиќоматкунандагони дехаи Мирзоободи, чамоати Калинини, нохияи Абдурахмони Чомии вилояти Хатлон пайваста даст ба содир намудани чиноят зада бошам, ки мохияти он дар тарѓиби бартарии шахрвандон аз нигохи муносибати онхо ба дин, барангехтани кинаю адоват ва низоъи дини зохир гардида бошад.» Ин хулосаи тафтишот низ беасос мебошад. Ягон вакт ман максади тасдик намудани худро ба сифати пешвои дини надоштам, хамчун шахрванди оддии кишвар дар доираи конунхои мавчуда амал намудаам, барои бехтар намудани он захматхо кашидаам. Ман хеч вакт дар байни ягон нафар низоъи дини ташкил накардаам, чунки ба ин зарурияте надорам. Суханхои китоби Худованд, хадисхои Пайгамбар (с) ва китобхои мазхаби Имоми Аъзам, ки ман аз онхо истифода кардаам, хеч гох боиси низоъандози намешаванд. Конунхои имрузаи Точикистон низ ин холатро рад накардааст. Тамоми умр факат ба эхсонкори машгул будам, чунончи аз руи далелхои мавчуда сабти дискхо ва хуччатхо дида мешавад, ки барои ободонии мактаб, мактаб-интернат, дигар муасисаву деха маблагхои пули ирсол намудаам. Сахмияхои НБО Рогунро ба микдори калон ба даст овардаам. Барои он ки сиёсати Президентро дар хусуси таълиму тарбияи фарзандони ятим дар амал чори намоям, новобаста аз вазъи вазнини иктисоди-ичтимои ман ба парастори ноболиг Хочиев Бароталиро гирифтаам, ки оиди ин холат Карори Раиси нохияи Кубодиён аз 4.05.2012 сол тахти №418 маълумот медихад. Хангоми мухокимаи лоихаи Конуни ЧТ «Дар бораи ба танзимдарории расму оинхо» аз микрафони озод нуктаи назари худро, ки он ба далелхои исботшудаи дини-илми такя менамоянд, оиди гайриконуни гузаронидани мавлудхо, маъракахои серхарочот ва гайра изхор намуда будам. Хамаи ин минбаъд боиси он гашт, ки ба таъкиби ман гурухи диндорон бо роххои гуногун машгул шуданд, чунки сарчашмахои молияви ва маишати онхо халалдор шуданд. Тафтишот оиди он айб эълон менамояд ки гуё ман максади тахти назорати худ гирифтани сокинони дехаро дошта бошам. Ин акида умуман нодуруст мебошад. Мардуми деха – мардуми бошуур мебошанд, касе имкони онро надорад, ки онхоро тахти назорати худ гирад. Баъдан барои тахти назорат гирифтани ягон шахс бояд ки чорахои мачбуркуни истифода бурда шавад. Ман хеч вакт чунин кувваю идрокро доро нестам. Яъне ягон зарурият барои он надорам, ки мардуми мавчударо тахти назорати худ гирам. Дар айбнома оиди он нишон дода мешавад, ки гуё ман талаботхои Ќонуни Чумхури Точикистон «Дар бораи танзими анъана ва чашну маросимхо дар Чумхурии Точикистон»-ро ичро накарда бошам ва фатво дода бошам, ки чунин маъракахои дар деха гузаронида нашуда бошад. Ин акидаи тафтишот умуман хато мебошад. Махз ман тарафдори Ќонуни Чумхури Точикистон «Дар бораи танзими анъана ва чашну маросимхо дар Чумхурии Точикистон» мебошам. Борхо дар байни мардум баромад намуда, кайд кардам, ки конуни номбурдаро ичро намоед, зеро он на танхо сабаби ободонии дунёи Шумо, балки сабаби начоти шумо дар охират мебошад. Ин холатро шохидон Худойдодов Исмат, Махмадов Чурабек ва дигар сохибони шахсони вафоткарда метавонанд, ки тасдик намоянд. Ягон маъракаро ман дар деха манъ кардаги нестам. Барои маън кардани маъракахои умуман ягон салохият надорам. Тибки айбнома гуё ки ман сокинони дехаро хурофотпараст, бесавод ва харомхур гуфта бошам. Тафтишот номи ягон сокини дехаро оварда натавониста истодааст, ки махз ман онхоро чунин ном бурда бошам. Зеро мардумро хурмату эхтиром намуда, хеч вакт ман онхоро чунин нагуфтаам, ба ин зарурияте низ надорам. Оммаро хурмату эхтиром менамоям. Агар тафтишот ба ин акидаи ман норизо бошад, пас акалан як нафарро бо ман дар ин хусус рубару намояд. Тибки моддаи 26 Конститутсия (Сарконуни )ЧТ ман хукуки озодона баён кардани акидаи худро дорам. Аз ин ру ягон конун манро ва ё ин ки ягон каси дигарро водор карда наметавонад, ки дар якчояги бо дигарон дар маросимхои чил ва сол, ки дар деха гузаронида мешаванд, аксар ваќт иштирок намое, ё нанамоем ва дар сурати иштирок намудан, баъди хурдани таъом танхо дуои садаќа хонда, баромада равем. Давлат ба акидахои дини шахрвандон побанди надорад. Дар ягон баромади худ ман оиди он нагуфтаам, ки «чашн гирифтани мавлуди Пайѓамбари ислом Мухаммад (с) аз дини Ислом бегона буда, ба яхудиён хос аст. Яхудиён мавлуди Пайѓамбарони худро чашн мегиранд. Чашн гирифтани мавлуди Пайѓамбари ислом Мухаммад (с) бидъат аст. Мусулмонон набояд мавлуди Пайѓамбари ислом Мухаммад (с) чашн гиранд.» Тафтишот умуман ягон баромади манро дуруст тахлил накарда, бе ягон далел нисбати ман айби беасос эълон намудааст. Тафтишот такя ба Ќарори Шўрои уламо ва хайати муассисони Маркази исломии Чумхурии Точикистон тахти № 1 аз 16 январи соли 2013 чашни мавлуди Пайѓамбар (с) дар масчидхои чумхури бе додани таъом ќайд мегардад. Мудати чашн гирифтани мавлуди Пайѓамбар (с) ду мох, яъне аз 20-уми январ то 20 марти соли 2013 муайян карда шудааст, такя намудани шуда, оиди он нишон медихад, ки гуё ман ин карорро сарфи назар намуда бошам. Дар баромади охирини худ Чаноби Оли Эмомали Рахмон дар вилояти Сугд, нуктахое ки ман оиди бегунохии худ гуфта будам, ба онхо такя намуд, ки мардум аз паси хирси молу мулк нараванд, садакахои беасос нанамоянд ва дасти ятимону мазлумону бечорагонро гирем. Баъди мурдани шахс худоихо фоида надоранд, хар кас бояд ки бо дасти худаш, дар вакти зинда будан, садакаи чория, бо дасти худаш намояд. Тафтишот ягон омилеро оиди он нишон намедихад, ки пас аз 16.01.2013 сол то рузи гайриконуни дастгир шудани ман яъне то 27.01.2013 сол оё ман ягон кирдореро содир кардаам, ки бар мукобили нуктахои Ќарори Шўрои уламо ва хайати муассисони Маркази исломии Чумхурии Точикистон тахти № 1 аз 16 январи соли 2013 бошад. Худи карор то лахзаи дастгир шудани ман хамаги 11 руз амал дошт. Пас ман чи чиноят содир кардаам, ки нисбати ман беасос карор оиди ба чавобгарии чинояти кашидан бароварда мешавад.
Posted on: Thu, 22 Aug 2013 04:28:06 +0000

Trending Topics



Recently Viewed Topics




© 2015