Модарарус дар шаби тӯй Домоду арус - TopicsExpress



          

Модарарус дар шаби тӯй Домоду арус сари тахти шоҳӣ менишинанд... Модари арус мехоҳад омада онҳоро табрик кунад, вале ба арус писанд намеояд. Арус дар гӯши домод мегӯяд, ки модаратро бигӯ наояд, маъқул нашуд. Домод дар ҳол аз ҷояш хеста эълон мекунад, ки модари маро мехарад, манро ӯро мефӯрашам ва ин ҳарфҳоро се бор такрор мекунад, меҳмонон ҳама ҳайрон мешаванд... ҳама хомӯш, касе лаб намекушояд. Домод ба назди модараш рафта, дастҳояшро мебӯсад ва мегӯяд, ки ман худам модарамро мехарам...келинро дар ҳамон толори арусӣ талоқ медиҳад... Аз байн чанд моҳ мегузарад, марде ба назди домод омада мегӯяд, ки ман барои духтарам хеле талош кардам, ки домоди мувофиқ ва муносиб пайдо кунам, лекин ба ҷуз худат касеро пайдо карда натавонистам...духтарашро бо беҳтарин ваҷҳ тӯй карда ба домод медиҳад. Модар модар аст, ҳар чанд баъзе вақт ҳамсар азизу барно ҳам бошад, вале ҳеҷ гоҳ ҷои модарро гирифта наметавонад... Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст, дар зери қудуми модарон аст!
Posted on: Sun, 25 Aug 2013 19:44:10 +0000

Trending Topics



Recently Viewed Topics




© 2015